Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

Ҳамин маҷмӯа, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия кардааст, иттилооти омориеро дар бар мегирад, ки зуҳурот ва равандҳои дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадаро инъикос менамояд. Дар ин маҷмӯа дар бораи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иттилооти пурра дода шудааст.

Дар таҳияи маҷмӯа маълумотҳои гирифта аз корхонаю ташкилотҳо, аз аҳолӣ бо роҳи мушоҳидаи оморӣ, таҳқиқотҳои интихобӣ, маълумотҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда шудаанд.

Дар маҷмӯа маълумоти оморӣ дар бораи аҳолӣ, шуғлӣ аҳолӣ ва даромади пулии он, маориф, тандурустӣ, фонди манзил, сохтмони манзил ва биноҳои иҷтимоию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, омори ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд. Омори вазъияти соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷи-кистон – саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва алоқа, соҳаҳои хизматгузории аҳолӣ ҷолиби диққат аст ва аҳамияти муҳим дорад.




0 комментария к “Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон