Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»

Санаи 12-уми октябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо, васоити ахбори омма ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ (шарикони рушд), мизи мудаввар дар мавзӯи “Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” доир гардид.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба ҳамоиши мазкур ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ташкили тайёрӣ, гузаронидан, коркард,ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал маърӯза намуданд.

Ҳасанзода Гулнора барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро чорабинии муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ намуда, нақши натиҷаҳои онро барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ муҳим шумориданд.

Дар давоми ҳамоиш аз тарафи меҳмонон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷуразода Кабирҷон мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Сезин Синанолу ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Раҳимова Н. намояндаи СММ дар Тоҷикистон ва Лякин Флоров Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дар бораи муҳимияти ин чорабинии давлатию сиёсӣ ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон,  муовини сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Агентии омор Ризоев Наҷмиддин тариқи рӯнамо дар мавзӯи “Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, аз ҷумла дар бораи тағйирёбии шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1970-2020, тағйирёбии шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот дар солҳои 1970-2020, фарқияти шумораи мардҳо ва занҳо дар барӯйхатгирии аҳолии солҳои 2000-2020, шумора ва таносуби марду зан дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тибқи натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили солҳои 2010-2020 ва ғайра муфассал маърӯза намуд.

Аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма дар бораи нозукиҳои гузаронидани ин чорабинӣ саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ва кормандони Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷавобҳои дақиқ дода шуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил – сарчашмаи асосии ташаккул ёфтани манбаъҳои маълумот оид ба шумора ва сохти таркибии аҳолӣ, тақсимоти он дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар вобастагӣ бо тавсифҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳайати миллӣ, сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ва дигар нишондиҳандаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии аҳолӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, №572 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, аз 30 сентябри соли 2019, №1356 “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №523 “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ” ва инчунин мутобиқи тавсияҳои СММ барои ҳамаи мамлакатҳо дар бораи дар даҳ сол як маротиба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мутасаддӣ оид ба тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва паҳнкунии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020-ум, 9661,6 ҳазор нафарро ташкил дод.

Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2097,1 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз ва нисбат ба 1 январи соли 2020 бошад, 347,8 ҳазор нафар ё 3,7 фоиз зиёд шудааст.




0 комментария к “Мизи мудаввар дар мавзӯи «Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон