Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

Мулоқоти корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

Субҳи имрӯз ҷихати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, зиёиён, фаъолони ноҳия мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Ҳасанзода Гулнора Кенҷа арзи сипосу миннатдории Сарвари давлатро ба мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 дар як фазои сулҳу осоиштагӣ ва боварии мардум ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон гузашт,  расониданд.

Баъдан Ҳасанзода Гулнора Кенҷа муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлатро оид ба сарфакорона ва оқилона истифода намудани нерӯи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зиидди сухтор, худдорӣ намудан аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои серхароҷот қайд карда гузаштанд.

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар баромади худ зикр намуданд, ки то Ҷашни бузургии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамагӣ 9 моҳ мондааст ва оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёд ва ба анҷом расонидани иншоотҳои ҷашнӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилотҳои мардум таъкид намуданд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба таҳияи нақша чорабиниҳо вобаста ба дар сатҳи баланди ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз, баргузор намудани озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ, илмию фаннӣ, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангию фароғатӣ дастур доданд.

Ҳамчунин таъкид намуданд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда ва боду ҳавои мусоид бояд ҳамаи заминҳо, махсусан заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, фаъолияти доимии гармхонаҳо вобаста ба таъмини аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза дар фасли зимистон самаранок ва оқилона истифода карда шавад, оғози маъракаи ниҳолшинонӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши ниҳол, гузаронидани шанбегиҳо анҷом дода шаванд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ дастур доданд, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ташкил карда шаванд. Аёдати шахсони ниёзманд, маъюбон, ятимон расонидани кӯмак ба ин гурӯҳҳои ниёзманд, дастгирии оилаҳои камбизоат мунтазам аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шаҳраку деҳот, дигар сохторҳои мақомоти давлатӣ, соҳибкорон мунтазам ба роҳ монда шавад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси ноҳияи Қудратзода Толиб ҳисоботи муфассал оиди вазъи иқтимоӣ-иқтисодии ноҳия, фаъолияти гуруҳҳои корӣ оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри сарфакорона ва оқилона истифода намудани нерӯи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, вазъи тайёрии муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар муассисаҳо ба зимистон ва захираи маводҳои сӯзишворӣ, рафти корҳои ободонӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ аз ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, зиёиён ва фаъолон оид ба дар сатҳи баланд сарфарозона гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатии кишвари азизамон даъват намуданд.




0 комментария к “Мулоқоти корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон