29.08.23
Рӯзҳои 9 то 11 феврали соли 2022 нахустин ташрифи маҷозии нозирони Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии оморӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мақсади асосии ташрифи мазкур ин арзёбии пешрафти Лоиҳа ва ҳалли мушкилоте, ки дар самти татбиқи Лоиҳа мавҷуданд, иборат буд.
Дар доираи ин чорабинӣ масъалаҳои марбут ба маблағгузорӣ, харид, рушди иҷтимоӣ, мониторинг ва арзёбии Лоиҳа, инчунин масъалаҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ташриф иштирокчиён ҷиҳати ҳалли масъалаҳое, ки ба татбиқи саривақтии Лоиҳа дар оянда мусоидат мекунанд, ба мувофиқа расиданд.
Барои маълумот:
Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” солҳои 2021-2026-ро дар бар гирифта, он аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Мақсади Лоиҳа фароҳам овардани имконият ба Агентии омор барои азнавкунӣ ва паҳнкунии маълумоти оморӣ, инчунин беҳтар кардани ҳамкории истифодабарандагони маълумоти оморӣ нигаронида шудааст. Лоиҳа ба Ҳукумат дар таҳияи сиёсати муассир ва асосноки иқтисодию иҷтимоӣ ва мониторинги самаранокии барномаҳо ва сиёсати он тавассути пешниҳоди маълумоти боэътимод ва босифат, дастрасии осон ба маълумоти оморӣ ва афзоиши истифодаи маълумоте, ки аз ҷониби бахши хусусӣ омода шудааст, мусоидат хоҳад кард.
0 комментария к “Нахустин ташрифи маҷозии нозиронии Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон»”