Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

НАКҲАТЗОДА ҲОКИМБЕК: САРРАЁСАТИ ОМОРИ СУҒД СЕМОҲАИ СЕЮМРО БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМБАСТ НАМУД

НАКҲАТЗОДА ҲОКИМБЕК: САРРАЁСАТИ ОМОРИ СУҒД СЕМОҲАИ СЕЮМРО БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМБАСТ НАМУД

“Бо мақсади таъмини иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024, ки аз 2 январи соли 2024, №01 тасдиқ шудааст, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷмӯи чораҳои дахлдорро амалӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдор ва дигар субъектҳои хоҷагидор семоҳаи сеюми соли ҷориро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд. Дар ин давра аз тарафи Сарраёсат тибқи “Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024” 9,5 ҳазор кори оморӣ ҷамъбаст ва ба Дастгоҳи марказии Агентии омор пешниҳод карда шуд, ки аз иҷрои пурраи барнома шаҳодат медиҳад”.

Ин нуктаро Накҳатзода ҲОКИМБЕК, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дирӯз, зимни ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор зикр намуд.

Тибқи иттилои ӯ ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар Феҳристи ягонаи давлатии мақомоти андози вилоят шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда ба 126,5 ҳазор расидааст, ки ин 35 фоизи сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда 9,4 ҳазор, филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 47 ва соҳибкорони инфиродӣ 117,1 ҳазорро ташкил дода, аз он хоҷагиҳои деҳқонӣ 67,9 ҳазор мебошад, ки ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 37,8 фоизро ташкил медиҳад.

Накҳатзода фаъолияти Сарраёсатро дар давраи сипаришуда назаррас хонда, ҳамзамон оиди нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои асосии вилоят, ки дар натиҷаи фаъолияти самарабахши кормандони мақомот ба даст омадаанд, гузориши мухтасар манзур намуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ дар 9 моҳи соли 2024 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди вилояти Суғд (МММ) 28,6 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди афзоиш 8,3 фоиз ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ҷумҳурӣ 27,9 фоизро ташкил додааст.

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба ҳолати 1 октябри соли 2024 ба андозаи 105,3 фоизи нақша иҷро гардида, 2,4 миллиард сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 2,3 миллиард сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 98,2 фоиз мебошад.

Шумораи аҳолии вилоят ба ҳолати 1 июли соли 2024 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 2 миллиону 938,3 ҳазор нафарро ташкил дода, аз он мард – 1 миллиону 486,8 ҳазор нафар ва зан – 1 миллиону 451,5 ҳазор нафар мебошад, ки нисбат ба 1 июли соли 2023-юм 1,7 фоиз зиёд гардидааст. Ҳиссаи аҳолии вилоят нисбат ба сатҳи ҷумҳурӣ 28,4 фоизро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии аз қобили меҳнат ҷавонтар 990,2 ҳазор нафар ё 33,7 фоиз, шумораи аҳолии қобили меҳнат 1 миллиону 727,7 ҳазор нафар ё 58,8 фоиз ва шумораи аз қобили меҳнат калонсолтар 220,4 ҳазор нафар ё 7,5 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (маълумоти пешакӣ) дар моҳҳои январ – июни соли 2024 шумораи таваллудшудагон ба 27,3 ҳазор нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 6,5 фоиз ё 1670 нафар зиёд шудааст.

“Натиҷаҳои давраи ҳисоботӣ ва сатҳи касбии кормандони мақомоти омори вилоят аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақсад ва ҳадафҳои дар маъруза баёнгардида иҷрошаванда буда, баҳри сари вақт ва босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуда, барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят ва Ватани маҳбубамон ҳиссагузор мешаванд”-дар охир иброз дошт Накҳатзода.




0 комментария к “НАКҲАТЗОДА ҲОКИМБЕК: САРРАЁСАТИ ОМОРИ СУҒД СЕМОҲАИ СЕЮМРО БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМБАСТ НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон