29.08.23
2-юми августи соли 2019 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», «Бонувони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», шабакаи телевизионии «Баҳористон» ва шабакаҳои радиои «Ховар» ва «Садои Душанбе» иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2019, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи аввали соли 2019 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.
Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.
Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:
– омодагии Агентии омор барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020;
– баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Агентии омор бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
– саҳеҳии маълумотҳои оморӣ ва гузаронидани таҳқиқотҳои интихобии оморӣ дар бахши хусусӣ;
– воридшавии андозҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ;
– усулҳои ҷамъоварии маълумотҳо дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;
– миқдори мутахассисони барои гузаронидани корҳои саҳроии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷалбшаванда;
– дастрасӣ ба нашрияҳои оморӣ;
– омори фавт, таваллуд, никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо ва ғайраҳо.
Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегардад.
0 комментария к “Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”