Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3-юми августи соли 2018 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио, аз ҷумла: АМИТ «Ховар», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия Плюс», «Тоҷикистон», «Дайджес-пресс», «Мароми пойтахт», хабарнигориҳои «Озодагон», «Авесто», шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон» ва шабакаҳои радиои «Тоҷикистон», «Ховар», «Овози тоҷик» ва «Садои Душанбе» иштирок намуданд.

 

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2018, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуда, барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 манзур гардид.

 

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, хонум Ҳасанзода Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатии омор дар давраи зикршуда суханронӣ намуд.

Сипас ба саволҳои рузноманигорон Директори Агентӣ, муовинони Директори Агентӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавии Дастгоҳи марказӣ посух доданд.

Дар мавзӯъҳои соҳавӣ аз ҷониби намояндаҳои воситаҳои ахбори омма саволҳои зерин оид ба:

– Ҷудошавии оилаҳо;

– Ҳамкориҳои Агентии омор бо ташкилотҳои байналмилалӣ;

– Шумораи кӯдакону наврасони ятим;

– Миқдори кӯмакҳои башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда;

-Шумораи сайёҳон дар нимсолаи аввали соли 2018;

– Омори худкушӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Шумораи нафарони синну соли аз 100 сола калон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузури Ватанӣ;

– Миқдори планшетҳои дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил истифодашаванда;

– Миқдори мутахассисони ҷалбшаванда дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

– Миқдори донишҷӯёни дар хориҷа таҳсилкунанда;

– Миқдори қурбониҳои дучори хушунати оилавӣ;

– Омори фавти муҳориҷирони тоҷик дар хориҷа ва ғайра.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба соҳаҳои мухталиф ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегардад.




0 комментария к “Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон