Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОДИНЕКОВ ХУШҚАДАМ: СОҲАИ САНОАТ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ВМКБ АСТ

ОДИНЕКОВ ХУШҚАДАМ: СОҲАИ САНОАТ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ВМКБ АСТ

Бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат ба ин масъала дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Аз ин ҷост, ки соҳаи саноат дар ВМКБ сол то сол рушд намуда, дар ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, яъне афзун намудани ҷойҳои корӣ ва ба маротиб баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи саноат дар вилоят самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ корхонаву коргоҳҳои саноатии вилоят ба маблағи 39,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин бора сардори Сарраёсати омори вилоят Одинеков Хушқадам ба хабарнигори маҷаллаи “Ҳарфи омор” иттилоъ дод.

  • Тибқи иттилои ӯ суръати рушди соҳаи саноат дар вилоят дар семоҳаи якуми соли 2024 дар сатҳи 118,4 фоиз таъмин гардидааст.

Гуфта мешавад, ки омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати коркард дар сатҳи 140,8 фоиз ба амал омадааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи сипаришуда ҳаҷми гардиши савдо дар вилоят 58 миллиону 445,8 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои мукоисавӣ 1,7 фоиз ё ба маблағи 5 миллиону 322 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бошад, дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасон 37 миллиону 772,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 5,9 фоиз зиёд аст.




0 комментария к “ОДИНЕКОВ ХУШҚАДАМ: СОҲАИ САНОАТ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ВМКБ АСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон