Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОМОР: ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД

ОМОР: ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД

Давоми 6 моҳи соли равон шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 748,3 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 120,4 ҳазор нафар ё 19,2 фоиз афзудааст.

  • Дар ин бора Абдухалил НАҶИБУЛЛОЕВ, сардори Раёсати омори савдо ва хизматрасонии Агентии омор, ки самти омори сайёҳиро низ пеш мебарад, иттилоъ дод.

Тибқи иттилои ӯ аз шумораи умумии шањрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ 580,5 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 19,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ 687,8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (91,9 фоизи шумораи умумӣ), ки аз ин 530,6 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ва 60,5 ҳазор нафар (мутаносибан 8,1 фоизи шумораи умумӣ) сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур, аз қабили Чин, Амрико, Туркия, Эрон, Олмон, Британияи Кабир, Афғонистон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо мебошанд.




0 комментария к “ОМОР: ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон