18.02.24
24 январ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баёни нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паём – инъикосгари рушди бемайлони Тоҷикистон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Исломзода Нодира, роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҳамоиш доир гардид.
Муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, Паёми Сарвари давлатро ҳамчун санади муҳимми расмӣ, барномавӣ, ифодакунандаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, масоили марбут ба таъмини рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҳадафу барномаҳои мушаххас барои давраҳои оянда муайян карда шуданд.
Таъкид гардид, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Гуфта шуд, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи мамлакат Паём ироа намудани Сарвари давлат яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва аз рамзҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд маҳсуб мешавад. Ироаи Паёми Пешвои миллат ба Парлумон ва дар доираи манфиатҳои миллии мамлакат мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, воқеан, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми тоҷик аст.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова зимни суханронияшон Паёми Сарвари давлатро як барномаи бузурги амал барои тамоми мардуми кишвар арзёбӣ намуда, зикр кард, ки Паёми имсола фарогири тамоми масоили иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, ҳама дастуру пешниҳодоти дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикршуда барои беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидаанд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Исломзода Нодира Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастурамали кории фарогири самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат унвон карда, аз аъзоёни ҲХДТ даъват ба амал овард, ки бо такя ба неруи тавонои хеш дар тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол бошанд ва баҳри татбиқи онҳо кӯшиш намоянд.
Дар ҳамоиши мазкур дигар маърӯзачиён муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин расониданд.
“Бояд ҳар як сокини банангу номуси кишвар, пеш аз ҳама хизматчиёни давлатӣ, аъзоёни ҳизби ҲХДТ бо азму иродаи қавӣ беш аз пеш ба ҳифзи арзишҳои миллӣ – ваҳдату истиқлол ва пешрафти ҳар чӣ бештари тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маданӣ талош варзида, барои истиқболи сазовори ҷашни воқеан ҳам таърихиву миллӣ – 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд” – дар охир таъкид дошт Асо Нурулло Асват.
0 комментария к “ПАЁМ – ИНЪИКОСГАРИ РУШДИ БЕМАЙЛОНИ ТОҶИКИСТОН”