09.04.24
Ҳамкасбони азиз!
Фарорасии Иди саиди Фитр – таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарваронаро ба ҳамаи шумо самимона муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоям.
Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба эҳёи суннату анъанаҳои неки гузашта ва таҷлили иду маросим ва анъанаву суннатҳои милливу динӣ муяссар гардиданд.
Моҳи мубораки Рамазон ва Иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд.
Доир ба фазилати ин моҳ ва рӯзи Иди саиди Фитр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд”.
Ҳақиқатан, дар арафаи ин иди муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, бечорагону дармондагон ва оилаҳои ниёзманд кӯмак намудан, волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамкорони азиз!
Тавре ҳамаи мо огаҳ ҳастем, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз номи дини ислом аъмоли даҳшатноки террористиву экстремистӣ ва содир намудани кирдорҳои фоҷиабор сурат гирифта истодааст.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи мову шумо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ созем ва барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва эҳтирому риояи қонуният ташвиқ намоем.
Ҳамчунин, моро мебояд, ки ҳамеша дар партави дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ намуда, ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ ороем.
Яъне барои анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кӯмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш намоем.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 марти соли ҷорӣ иброз намуданд:
“Мо бояд дарк намоем, ки асли дини мубини ислом ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ аз таъмин намудани шароити беҳтарини зиндагӣ барои худ ва аҳли оила, аз ҷумла фарзандонамон, ки атокарда ва амонати Парвардигор назди мо мебошанд, муҳайё кардани имкониятҳои хуби таҳсил барои онҳо, ки худшиносу худошинос ба воя расанд, ободу зебо кардани хонаву кошонаи худамон ва маҳалли зистамон иборат асту халос.
Худованд мефармояд, ки «Беҳтарин инсон касест, ки нафърасон аст».
Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд”.
Бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба шумо ва аҳли пайвандонатон табрик гуфта, дар ризқатон фаровонӣ, дар ҷисматон тандурустӣ, дар хонадонатон ободӣ ва дар кору пайкоратон муваффақияту пешравӣ орзу менамоям.
Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Иди саиди Фитр муборак!
0 комментария к “ПАЁМИ ТАБРИКИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР”