Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОЗМУН

ОЗМУН

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати

давлатӣ дар дастгоҳи марказӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

 ОЗМУН эълон менамояд:

 Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ;

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

 Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ;

 Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ;

 Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

 Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон

сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ;

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

Бахши ҳуқуқ

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

 Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

 Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

 Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Турсунзода

мутахассиси пешбар – 1 ҷой; маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ 00 дирам;

 Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Рудакӣ

мутахассиси пешбар – 2 ҷой; маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 40 дирам;

 Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Шаҳринав

мутахассиси пешбар – 1 ҷой; маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 40 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Тоҷикобод

мутахассиси пешбар – 1 ҷой; маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 40 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Лахш

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 871 сомонӣ 50 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Нуробод

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 871 сомонӣ 50 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Роғун

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ 00 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Сангвор

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 871 сомонӣ 50 дирам;

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ барои дастгоҳи марказӣ, барои мансаби мутахассиси пешбари мақомоти омори маҳаллӣ собиқаи корӣ муҳим нест;

барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мебошад.

            Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

  – аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

  – варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

  – тарҷумаи ҳол;

  – 2 дона расми андозаи 3х4;     

  – нусхаи ҳуҷатҳо дар бораи таҳсилот;

  – маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

  – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

  – маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).

  – маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз мақомоти андози маҳали зист);

  – нусхаи шиноснома;

  – нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

  – нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд: ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №301 ва №308 Тел: 227-63-24;  221-57-21; Муҳлати қабули ҳуҷатҳо давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.




0 комментария к “ОЗМУН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...