Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

РУШДИ САНОАТ. Бунёди 40 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон

РУШДИ САНОАТ. Бунёди 40 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон

Саноатчиёни вилояти Хатлон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Саноаткунонии босуръати кишвар” бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Тибқи маълумотҳои омори расмӣ дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣкорхонаҳои саноатии вилоят дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 5 миллиарду 18,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 252,5 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро дар сатҳи 5,1 фоиз таъмин кардаанд.

Дар ин давра дар вилоят 13,3 ҳазор тонна – гушт якҷо бо гушти мурғ, 370,6 тонна – ҳасиб, 595,5 тонна маҳсулоти шири холис, 6,1 миллион қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 965,8 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 81,9 ҳазор тонна – орд, 421,7 тонна маҳсулоти макаронӣ, 8,9 ҳазор тонна – равған, 17 ҳазор тонна нахи пахта, 1 миллиону 143,4 ҳазор тонна семент, 1,7 ҳазор тонна бензин, 11,2 миллион дона хишти бинокорӣ, 31,5 ҳазор метри мураббаъ бетони сохтмонӣ, 37 ҳазор метр қубурҳои пластикӣ истеҳсол шудааст, ки қисми зиёди нишондодҳои зикршуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

Иқтисоди Тоҷикистон рӯз ба рӯз ва ба таври тадриҷӣ рушду инкишоф меёбад ва дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ҷойҳои кории нав фароҳам оварда мешаванд. Албатта, бо фароҳам намудани ҷойҳои нави корӣимконият ба миён меояд, то шаҳрвандон бо кор таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии хешро беҳтар гардонанд.

  • Тибқи иттилои масъулини мақомоти омори вилоят дар давраи сипаришуда 40 адад коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 343 ҷойи корӣ дар вилоят ташкил карда шуданд.



0 комментария к “РУШДИ САНОАТ. Бунёди 40 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон