16.08.24
Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти омори маҳаллӣ, вазъи фарогирии субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи оморӣ, ҳолати ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти ҳисоботҳо, вазъи пур кардани дастурамали шаклҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳот ва расонидани ёрии амалӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентӣ Асо Нурулло Асват аз 12 август инҷониб бо сафари корӣ дар минтақаи Рашт қарор доранд.
Рӯзҳои 12-14 август гурӯҳи корӣ бо фаъолияти бахшҳои омори ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод шинос гардида, аз ҳолати бино ва утоқҳои кории онҳо дидан намуданд. Тавре гуфта мешавад, ҳолати бино ва утоқҳои кории ин бахшҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, бо мақсади ба таври дахлдор муҳайё намудани шароити кории бахшҳои мазкур муовини якуми Директори Агентӣ Асо Нурулло Асват бо раисони ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод мулоқот анҷом дод. Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои наздик аз бинои навбунёди шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш се утоқи корӣ барои бахши омори ноҳия ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон барои бахши омори ноҳияи Тоҷикобод баъди ифтитоҳи расмӣ аз бинои навбунёди раёсати молияи ноҳия ду утоқи корӣ ҷудо мегардад.
Ҳамзамон дар рафти сафари корӣ мутаносибан дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои болозикр аз ҳолати истифодаи китобҳои электронии баҳисобгирии хоҷагӣ дидан карда шуда, ҷиҳати мутобиқи Дастурамали пур кардани шаклҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳот, ба котибони ҷамоатҳо доир ба пур кардани китобҳои электронӣ ёрии амалӣ расонида шуд.
Инчунин дар ноҳияҳои мазкур ҳолати фарогирии субъектҳои хоҷагидор ба ҳисобот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо аз ҷониби муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳолати нашъунамои зироатҳо, аз қабили картошка, сабзӣ, ғалладонагиҳо ва дигар намудани зироатҳо, аз заминҳои кишти ҳудуди ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ва мавзеи Регаки ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дидан карда шуда, ҳамзамон бо деҳконони ин ҷамоатҳо мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Асо Нурулло зимни мулоқот ба деҳқонону кишоварзон аз номи роҳбарияти Агентӣ барои саҳми арзандаашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.
0 комментария к “САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ”