Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ШАРҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ШАРҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Вобаста ба шаҳри қонуни мазкур Агентии омор семинар баргузор намуд

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро заминаи асосии бунёди давлати соҳибистиқлоли худ қарор дод. Мутобиқи қисми сеюми моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон нигаронида шудааст. Таъмини некуаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ аст.

Барои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати танзими ҳуқуқии ҷашну маросим ба вуҷуд омад. Бо пеш омадани зарурат ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав аз 20 июни соли 2024, №2048 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин, ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо татбиқ мегардад.

Ба ин хотир Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, эҳтироми қонунҳо ва риояи талаботи онҳо, инчунин шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки кормандон вохӯрӣ доир намуд.

Сардори шуъбаи методология ва таснифоти Агентӣ Қиёмиддин Ташрифзода доир ба аҳамияти эълони соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон, роҳҳои мусоидат дар беҳтар кардани донишу фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан кормандону ҷавонони мақомоти омор, пешгирии қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани мақоми қонун, баргузор намудани маросими хурсандию азодорӣ дар доираи талаботи қонун ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ тариқи рӯнамо баромад намуд.

Қайд карда шуд, ки мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.

Дар Агентии омор Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим амал менамояд, ки ҳангоми гузаронидани ягон намуди маърака дар дафтари «Сабти ҷашну маъракаҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуда, ҳатман ду рўз пеш аз баргузории маъракаи худ барои пешгирии қонуншиканӣ ва аз худ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзоёни Комиссияи фаҳмонида мешавад.

Дар охир аз ҷониби кормандон оид ба масоили дар вохӯрӣ баёншуда саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.




0 комментария к “ШАРҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон