21.06.24
Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк» маблағи аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда дар моҳҳои январ – апрели соли 2024-ум 1 миллиарду 86,4 миллион сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва ёрдампулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 бо назардошти бақияи аввали сол (0,8 млн. сомонӣ) 1 миллиарду 40,7 миллион сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақагирон ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ 806 ҳазору 859 нафарро ташкил додааст.
0 комментария к “ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН ДАР ТОҶИКИСТОН”