02.03.24
Шумораи шаҳрвандони бекор дар тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст,- иттилоъ медиҳанд аз Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор.
Ба иттилои манбаъ, дар охири моҳи декабри соли 2023 шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда, тибқи маълумоти агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48,3 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи декабри соли 2022-юм 9,7 фоиз камтар аст.
Масъулин паст шудани сатҳи бекориро ба баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунанд, вобаста медонанд.
0 комментария к “ШУМОРАИ ШАҲРВАНДОНИ БЕКОР ДАР ТОҶИКИСТОН БА ТАВРИ НАЗАРРАС КОҲИШ ЁФТААСТ”