23.09.24
Чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аҳолии кишварро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом, яъне пашм таъмин менамояд. Бо мақсади такомул бахшидан ба соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатиро қабул намудааст, ки баҳри рушд ёфтани чорводорӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2 миллиону 704,2 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97,7 ҳазор сар ё 3,7 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7,06 миллион сарро ташкил дода, 463,1 ҳазор сар ё 7,0 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 93,4 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 81,5 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 5,7 фоиз, Суғд 3,4 фоиз ва НТҶ 1,7 фоиз зиёд гардида, дар ВМКБ бошад, дар сатҳи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қарор дорад.
Дар моҳҳои январ – августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 148801 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши истеҳсоли гўшти чорвои калон ва майда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 22,3 фоиз, Хатлон 9,2 фоиз, ВМКБ 2,0 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,2 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ин давра 575423 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 5,4 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои ВМКБ 2,9 фоиз, вилоятҳои Хатлон 5,3 фоиз, Суғд 7,8 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,0 фоиз афзудааст.
0 комментария к “СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ БА ТАВРИ НАЗАРРАС РУШД МЕЁБАД”