25.07.24
Дар марҳилаи нави рушди иқтисодиёти миллӣ дар сиёсати давлат таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёри саноатӣ бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона гардида истодааст. Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватаниву воридотивазкунанда ва дар умум таъмини зиндагии шоистаи мардум, гузариш ба самти рушди устувори иқтисодиёти миллӣ тавассути саноатикунонии босуръат дар кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Зеро татбиқи ҳадафи саноатикунонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо истифода аз технологияҳои нави инноватсионӣ афзоиши истеҳсоли моддиро таъмин намуда, боиси рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегардад.
Ҳамин аст, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ то ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатӣ солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.
Вобаста ба ин, бо дарназардошти мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолии кишвар ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар заминаи эълон гардидани ҳадафи саноатикунонии босуръат, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Ба ин хотир саноатчиёни ҷумҳурӣ бобати амалисозии ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ, бахусус воридотивазкунандаро, зиёд карда, талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти рақобатпазир таъмин менамоянд. Ҳамин аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба беш аз 111,5 дарсад расид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 22,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллиард сомонӣ бештар аст.
Дар ин давра аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 21,6 дарсад ба саноати истихроҷ, 57,1 дарсад ба саноати коркард, 20,6 дарсад ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 0,7 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа рост меояд.
Гуфта мешавад, ки дар саноати истихроҷи маъдан дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 4,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 21,4 фоиз зиёд шудааст.
Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 34,1 фоиз, маъданҳои филизӣ – 31,6 фоиз, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 6,2 фоиз мушоҳида мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 12,9 миллиард сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 4,8 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 1,5 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 362,8 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 38,3 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 242,7 миллион сомонӣ, ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 1,8 миллиард сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 3,6 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 11,0 фоиз зиёд шудааст.
“Амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд 110,1 фоиз, вилояти Хатлон 105,1 фоиз, шаҳри Душанбе 123,1 фоиз, дар НТҶ ба 118,8 фоиз ва дар ВМКБ бошад, ба 126,1 фоиз баробар гардид”– омадааст дар гузориш.
Дар давраи ҳисоботӣ 3580 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 327 адад, коркард 3081 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 100 адад фаъолият намудаанд. Аз ин шумора 1162 адад ё 32,5 фоизи шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд, 841 адад (23,5 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 783 адад (21,9 фоиз) – ба ш. Душанбе, 678 адад (18,9 фоиз) – ба НТҶ ва 116 адад (3,2 фоиз) – ба ВМКБ рост меоянд.
0 комментария к “СОҲАИ САНОАТ РУШД МЕКУНАД”