29.08.23
Интизор меравад, ки шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон ба 10,78 миллиард расад, ки 74,4 фоизи сатҳи соли 2019 — ро ташкил медиҳад. Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба АИ «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар Гузориши маркази омӯзиши сайёҳии назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2023 гуфта шудааст.
Соли равон даромадҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон ба 5 триллион доллари ИМА мерасад, ки 86,2 фоизи сатҳи соли 2019-ро ташкил медиҳад,- чунин бармеояд аз Гузорише, ки аз ҷониби маркази омӯзиши сайёҳии назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ нашр шудааст.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон соли 2022 9,57 миллиардро ташкил дода, даромади сайёҳӣ дар маҷмуъ ба 4,6 триллион доллари ИМА расидааст.
«Иқтисоди ҷаҳонии сайёҳӣ тадриҷан барқарор мешавад ва саноати ҷаҳонии сайёҳиро ояндаи дурахшонтаре интизор аст», баён намудааст директори маркази омӯзиши сайёҳӣ Сун Жуй.
«Аммо мо инчунин бояд дарк кунем, ки барқарорсозии сайёҳӣ ба рушди макроиқтисоди ҷаҳонӣ алоқаманд буда, номуайянӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба дурнамои саноати сайёҳӣ таъсир мерасонад»,-илова намудааст ӯ.
Гузориши солона, ки бори аввал соли 2016 нашр шуд, таҳлили амиқи тамоюлҳои соҳаи сайёҳиро дар бар гирифта, барои пешниҳоди пешгӯиҳои илмӣ ва тавсияҳои арзишманд оид ба рушди сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон пешбинӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд карда истодааст.
Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш ёфта истодааст.
Дар соли 2022 зиёда аз 1 миллиону 151,9 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд. Ин нишондиҳанда — 634,3 њазор нафар ё 2,2 баробар нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 999,3 ҳазор нафари онҳо (тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба соли 2021 – 3,4 баробар зиёд аст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 94,1 ҳазор нафар ё 95 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст. Тақрибан 950,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 57,8 ҳазор нафарро ташкил додааст (5% аз шумораи умумӣ) ва 49,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
Имсол аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 777,6 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 71,0 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Теъдоди сайёҳоне, ки дар соли 2022 аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 279,9 ҳазор нафар ё 25,6 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қазоқистон – 25 ҳазор нафар, баъдан Қирғизистон — 3,8 ҳазор, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 5,4 ҳазор нафар, Туркия – 7,3 ҳазор нафар, ИМА – 6,9 ҳазор нафар, Афғонистон — 3,3 њазор нафар, Олмон – 3,0 њазор нафар, Эрон – 4,3 ҳазор нафар ва Покистон – 1,6 њазор нафар мебошанд.
Дар ин давра дар миќѐси мамлакат 235 ширкатњои сайёњї фаъолият намуда, ба сайёњон хизмат расониданд.
Ҳамзамон, 183 мењмонхона (бо назардошти шахсони воќеї), 6 мењмонхонаи 5 ситорадор, 20 мењмонхонаи 4 ситорадор, 16 мењмонхонаи 3 ситорадор, 3 мењмонхонаи 2 ситорадор, 2 мењмонхонаи 1 ситорадор ва 136 мењмонхонаи бедараља фаъолият кардаанд.
Дар ин давра шумораи миёнаи кормандони субъектњои хизматрасонї 4129 нафар ва даромад аз пешнињоди хизматрасонї дар ин давра 238841,4 њазор сомониро ташкил додааст.