Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Соли 2024 дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 11,5 фоиз ва мусофиркашонӣ 13,4 фоиз афзудааст

Соли 2024 дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 11,5 фоиз ва мусофиркашонӣ 13,4 фоиз афзудааст

Давоми соли 2024 дар Тоҷикистон бо ҳамаи намуди нақлиёт 134 миллион 410,6 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 11,5 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 127,7 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки 95,0 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба соли 2023-юм 11,9 фоиз зиёд арёбӣ мегардад.

Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки дар соли 2024 37,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашонӣ ба вилояти Хатлон рост омада, мутаносибан ба вилояти Суғд 29,8 фоиз, ш.Душанбе – 16,5 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 15,7 фоиз ва ба ВМКБ – 0,9 фоиз рост омадааст.

Бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар соли 2024 зиёда аз 1 миллиард нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 13,4 фоиз зиёд аст. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 996,1 миллион мусофир кашонида шудааст, ки нисбати соли қаблӣ 13,6 фоиз зиёд аст.




0 комментария к “Соли 2024 дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 11,5 фоиз ва мусофиркашонӣ 13,4 фоиз афзудааст

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон