Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН СУРЪАТИ АФЗОИШИ САНОАТ ДАР САТҲИ 20 ФОИЗ ТАЪМИН КАРДА ШУД

СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН СУРЪАТИ АФЗОИШИ САНОАТ ДАР САТҲИ 20 ФОИЗ ТАЪМИН КАРДА ШУД

Дар соли 2024 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 53 миллиарду 819 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023-юм 7,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 20 фоиз таъмин гардидааст.

Саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад”.

Ба иттилои масъулин дар соли 2024 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 40,0 фоиз, саноати коркард – 7,6 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 5,7 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 34,9 фоиз ба амал омадааст.

Амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки дар соли 2024 суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 120,1 фоиз, вилояти Хатлон 110,0 фоиз ва шаҳри Душанбе 125,0 фоиз баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 120,8 фоиз ва ВМКБ ба 153,1 фоиз баробар гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 3774 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 351 адад, коркард — 3249 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 96 адад фаъолият намудаанд.




0 комментария к “СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН СУРЪАТИ АФЗОИШИ САНОАТ ДАР САТҲИ 20 ФОИЗ ТАЪМИН КАРДА ШУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон