10.10.24
«Огоҳ будан аз мазмуну муҳтавои Конститутсия имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар бораи ҳукуқ ва уҳдадориҳои хеш дар назди давлат ва ҷомеа тасаввуроти пурра дошта бошанд ва дар зиндагии ҳамарӯза аз онҳо дуруст истифода кунанд, ки ин тарзи кор ҳам ба сатҳи боло рафтани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳам расидан ба зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванд мусоидат мекунад»,- чунин изҳори назар намуд мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсӣ Латофат Шерзода.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 6-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2000 иброз намуда буданд, ки «эҷоди Конститутсияи давлати баъд аз ҳазор сол эҳёгардидаи тоҷикон бо ҷалби ҳамаи неруҳои зеҳнии ҷомеа ва дар заминаи таҷрибаю дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва дар айни замон бо назардошти манфиатҳои олии миллат ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, инчунин анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хоси миллии мо доир гардида буд».
Бояд гуфт, ки Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун маҷмуи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмилалӣ эътироф гардида, аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд.
Ба андешаи Латофат Шерзода, Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии мамлакатамон табдил ёфт. Конститутсия ҳамчунин санади бунёдиву созандае гардид, ки имрӯз дар асоси он ҳар шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад. «Мо бояд эҳтиром намудани ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имконияти он ҳарчӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар шаҳрванди мамлакат ба одати доимӣ табдил ёбад»,-баён медорад ӯ.
Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳояшон иброз намуда буданд, ки «…мехоҳам таъкид намоям, ки муҳимтарин масъала имрӯз ба роҳ мондани омӯзиши амиқи Конститутсия, ҳамчунин рамзҳои давлати миллӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ҳанӯз дар боғчаҳои бачагонаву синфҳои ибтидоӣ мебошад».
Мутобиқи моддаи 17-и Конститутсия, дар ҷомеаи мо мардону занон ҳуқуқи баробар доранд, ки ҷиҳати татбиқи ин меъёри Конститутсия давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар корҳои идораи давлат низ таъмин карда шавад. Дар ин росто Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз моҳи декабри соли 1999, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз соли 2005, Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробарии мардон ва занон, Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тадбирҳое мебошанд, ки ба амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Латофат Шерзода изҳор дошт, ки сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмуи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад. Бояд дарк кард, ки баробарҳуқуқии сиёсӣ бо баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ зич алоқаманд буда, бахши баробарҳуқуқии мард ва зан мебошад.
«Ташаккул ва таҳкими роҳбарии занон дар Тоҷикистон заминаҳои амиқи давлатӣ ва ҷамъиятӣ дорад. Заминаҳои давлатии дастгирии роҳбарии занон, пеш аз ҳама, дар татбиқи сиёсати давлат барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва мардон, инчунин таъмини имконияти баробари онҳо таҷассум ёфта, мавқеи роҳбарияти сиёсии мамлакатро дар ин самт нишон медиҳад», — меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Тибқи маълумоти оморӣ, то соли 1989 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занон соҳиби маълумоти олӣ будаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, ки ин аз дастгириҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон дарак медиҳад. Дар ин давра 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд.
Тавре дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар оғози соли 2024 шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4569 нафар ё 25,1 дарсадро ташкил дод. Аз ҷумла, тақрибан 1100 нафар ё 19 дарсади онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Ва ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, 49,3 дарсади аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд. Дар айни замон тақрибан 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, 47 фоизи кормандони фарҳанг, 39 фоизи кормандони бонк, 25 фоизи кормандони алоқа, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад ва зиёда аз 23 фоизи онҳоеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону духтарон ташкил медиҳанд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, татбиқи сиёсати гендерӣ дар мамлакат бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила самаранок вусъат меёбад. Имрӯз зани тоҷик дар вазифаҳои баландтарин, аз ҷумла муовини Сарвазир, вазир ва дигар мансабҳои баландпоя фаъолият менамояд.
«Мо, занону духтарон аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониамон сипосгузорем. Ва минбаъд низ тамоми саъю талошро ба шукуфоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона хоҳем кард», — афзуд ӯ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
0 комментария к “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии мамлакат табдил ёфтааст”