29.10.24
Дар моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқи инсон ба ҳаёт — ҳуқуқи фитрӣ ва дахлнопазирии ҳар шахс тасдиқ шудааст. Ҳар шахс аз лаҳзаи таваллуд ҳаққи зиндагӣ дорад ва ин ҳуқуқ бо кафолатҳои ҳуқуқӣ, ки ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар қонунгузориҳои соҳавӣ сабт шудаанд, таъмин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳаёт маънои ҳастии инсонро дорад ва неъмати муқаддас барои инсон ба ҳисоб меравад. Маҳрум кардан аз ҳаёт маънои қатъ гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз ҳуқуқи инсон ба ҳаёт зери ҳимояи Конститутсия қарор гирифтааст.
Ҳуқуқ ба ҳаёт-ҳаққи ҷудонопазири ҳар инсон
Муқаррароти конститутсионӣ оид ба ҳаққи зиндагии ҳар кас ба санадҳои муҳими ҳуқуқи байналхалқӣ, аз ҷумла ба моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ва моддаи 6-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мувофиқат мекунад. Дар санади охирин муқаррар шудааст, ки «ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад».
Тавре мудири Бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Айнӣ Нилуфар Муҳиддинзода иброз намуд, дар робита ба ҳаққи инсон ба ҳаёт қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҷавобгариро барои ҳаракатҳои ба ҳаёт ва саломатии инсон зараровар ва ё онҳоро таҳти чунин зарар қарордиҳанда муқаррар кардааст. Шумораи аз ҳама бештари чунин чораҳо дар Кодекси ҷиноятӣ, ки меъёрҳои он ҷавобгариро барои куштор, расонидани зарар ба саломатӣ, дар хатар монондан, инчунин барои таҷовуз на ба ҳаёти шаҳрванди мушаххас, балки аҳолии мамлакат, минтақа, маҳал пешбинӣ менамояд, оварда шудаанд.
«Моддаи 6-и Қарордоди байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқ ба ҳаёт ҳамчун ҳаққи ҷудонопазири ҳар инсон инчунин пешбинӣ намудааст, ки ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад. Ҳамзамон дар ин модда таъкид шудааст, ки дар кишварҳое, ки ҳукми қатлро бекор накардаанд, ҳукми қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои вазнинтарин мутобиқи қонуне, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят амал мекард ва бо муқаррароти ҳамин Қарордод ва Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он мухолиф набошад, бароварда шавад»,-баён дошт ӯ.
Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Ин меъёр дар қисми 2-юми моддаи 18-и Конститутсия муқаррар шудааст. Аз мазмуни ин меъёр чунин хулоса мешавад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти аз ҳаёт маҳрум кардани шахсро танҳо бо ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин дар мадди назар дорад.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имконияти татбиқи ҷазои қатлро пешбинӣ кардааст, қонунгузории муосири ҷиноятӣ онро ба таври мушаххас муқаррар менамояд. Дар моддаи 47 Кодекси ҷиноятии амалкунанда дар системаи ҷазои ҷиноятӣ ҷазои қатл ҳамчун як навъи олии ҷазо нишон дода шудааст.
Ба иттилои Нилуфар Муҳиддинзода, ҷазои қатл дар моддаи 48-и Кодекси ҷиноятӣ низ пешбинӣ шудааст. Дар системаи ҷазо ба ҷазои мазкур ҳамчун ҷазои асосӣ муносибат карда мешавад. Ин нишони он аст, ки ҷазои қатл танҳо ба сифати ҷазои мустақил таъйин шуда метавонад. Аз ин рӯ, он набояд бо дигар намуди ҷазоҳо ҳамроҳ карда шавад ва ё ҳамчун ҷазои иловагӣ бо дигар намуди ҷазоҳои асосӣ якҷоя таъйин гардад.
«Қатъиян ҷазои қатл ба сифати навъи ҷазо дар моддаи 59-и Қисми умумии Кодекси ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Ҳаминро бояд гуфт, ки ҷазои қатлро чун чораи истисноии ҷазо Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Конститутсияи мамлакат муқаррар намуда, дар баробари ин таъйини онро пай дар пай нисбат ба ҷиноятҳои алоҳида муайян кардааст. Дар айни ҳол таъйини ҷазои қатл танҳо нисбат ба панҷ таркиби ҷинояти мушаххаси махсусан вазнин пешбинӣ шудааст: одамкушӣ (қ. 2 м. 104), таҷовуз ба номус (қ. 3 м. 138), терроризм (қ. 3 м. 179), генотсид (м. 398), биотсид (м. 399) »,-гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки ҳукми қатл бо риояи шартҳои зерин эътибори қонунӣ пайдо мекунад: агар хулосаҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мавҷуд набудани асосҳо барои овардани эътироз ба тариқи назоратӣ аз болои ҳукми суд мавҷуд набошанд; агар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи радди шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо дастрас шуда бошад ва ё санад дар бораи радди муроҷиат бо шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо аз ҷониби маҳкумшуда тартиб дода шуда бошад. Ҳамаи ин шартҳо якҷоя асос барои иҷрои ҷазои қатл мешаванд.
Дар 90 давлати дунё ҳукми қатл амалӣ карда мешавад
Тибқи иттилои оморӣ, дар масъалаи ҷазои қатл муносибати давлатҳо гуногун аст. Тақрибан 60 кишвари ҷаҳон ҷазои қатлро ҳамчун намуди ҷазо аз қонунгузории ҷиноятии худ хориҷ намудаанд, вале бештари кишварҳои олам (бештар аз 90 давлат) ҷазои қатлро хеле фаъол татбиқ менамоянд ва доираи татбиқи онро васеъ менамоянд.
Тавре Нилуфар Муҳиддинзода изҳор дошт, дар мамлакати мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004 истифодаи он ба муҳлати номуайян боздошта шудааст. «Ин ҷазо яке аз мақсадҳои ҷазо — ислоҳи маҳкумшударо таъмин карда наметавонад, илова бар ин, вобаста ба вазнинии ҷинояти содиршуда дараҷабандӣ карданаш номумкин аст. Агар масъалаи аҳамияти пешгирии умумӣ доштани ҷазои қатл дар айни замон бисёр баҳснок дониста шавад ҳам, вале ин намуди ҷазо дар фарқият бо намудҳои дигари он пешгирии хусусиро сад дар сад таъмин менамояд»,-афзуд ӯ.
Аҳли ҷомеаи бисёр кишварҳои ҷаҳон истифодаи ин навъи ҷазоро ҷонибдорӣ мекунанд, яъне афкори ҷамъиятӣ дар ин масъала мусбат арзёбӣ мегардад.
Моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дахлнопазирии шахсро дар баробари ҳаёт ва озодӣ ҳаққи ҳар як инсон эътироф мекунад. Дар Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ муқаррар шудааст, ки ҳар кас ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад (банди 1 моддаи 9). Бо назардошти ин меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатии дахлнопазирии шахсро муқаррар намудааст, ки он давоми мантиқии ҳаққи шахс ба зиндагӣ мебошад.
Нилуфар Муҳиддинзода ба ин назар аст, ки ҳаққи зиндагӣ бо дахлнопазирии шахсият алоқаи зич дорад ва ин ҳолатро давлат на танҳо эътироф ва риоя мекунад, балки ҳифзи онро низ кафолат медиҳад. Дахлнопазирии шахсият чунин маъно дорад, ки ба фаъолияти шахс дар ҳаёти хусусӣ касе ҳуқуқи дахолат кардан надорад, яъне ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати руҳӣ шахс бояд зиндагии озод дошта бошад.
«Таъмини дахлнопазирии ҷисмонии шахсият маънои ба вуҷуд овардани кафолатҳои давлатиеро, ки барои рафъ намудани ҳама гуна таҷовуз, суиқасд ба ҳаёт, саломатӣ, дахлнопазирии ҷинсӣ, озодии фаъолиятноки ҷисмонӣ чӣ аз тарафи давлат дар шахси мақомот ва ашхоси мансабдор ва чӣ аз тарафи шаҳрвандони алоҳида равона шудаанд, дар назар дорад. Таъмини дахлнопазирии руҳӣ маҷмуи чораҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо ба муҳофизат намудани саломатии ақлониву руҳӣ ва ахлоқиву иродавии шахсият аз кирдорҳои таҷовузкорона нигаронида шудаанд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Шаҳлои САДРИДДИН
0 комментария к “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст”