Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР САТҲИ 110,6 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР САТҲИ 110,6 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин дар соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба 73 миллиарду 976,6 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 10,6 дарсад таъмин гардидааст.

  • Нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳаи кишоварзии мамлакат нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам меафзояд.

Тибқи иттилои манбаъ дар соли 2024 суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 13,4 (50 млрд.984,8 млн.сомонӣ) ва 4,8 (22 млрд. 991,8 млн. сомонӣ) фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 11,4 фоизро ташкил дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 38,2 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост омадааст.

Инчунин дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 50,4 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 65,1 фоиз, вилоятҳои Суғд 37,3 фоиз, Хатлон 57,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51,6 фоизро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки давоми соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 1 миллиону 828 ҳазору 318 тонна ғалладонагиҳо (гандум 880734 тонна), 253 ҳазору 182 тонна пахта, 1 миллиону 263 ҳазору 948 тонна картошка, 3 миллиону 289 ҳазору 179 тонна сабзавот (пиёз 836911 тонна), 1 миллиону 144 ҳазору 806 тонна полизӣ, 823 ҳазору 048 тонна мевагиҳо (277717 тонна себ ва 313052 тонна зардолу), ангур 289 ҳазору 931 тонна ва хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока 1 миллиону 875 ҳазору 754 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм, ғалладонагиҳо 4,2 фоиз (гандум 2,4 фоиз), 10,4 фоиз картошка, 8,7 фоиз сабзавот, 13,4 фоиз полизӣ, 23,9 фоиз мевагиҳо (себ 22,3 фоиз ва зардолу 30,5 фоиз), ангур 1,5 баробар ва хўроки чорво 2,0 фоиз зиёд шудааст.




0 комментария к “СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР САТҲИ 110,6 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон