Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СУРЪАТИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ 109,6 ДАРСАД ТАЪМИН ГАРДИД

СУРЪАТИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ 109,6 ДАРСАД ТАЪМИН ГАРДИД

Давоми нимсолаи якуми соли равон рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар 109,6 дарсадро ташкил додааст.

Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба 21 миллиарду 472 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 9,6 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 14,8 миллиард сомонӣ ё 10,9 фоиз ва дар чорвопарварӣ 6,6 миллиард сомонӣ ё 6,7 фоиз зиёд аст.

Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 60,5 фоизро ташкил додааст.

Инчунин дар шаш моҳи соли равон ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 11,1 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 23,2 фоиз, Хатлон – 5,6 фоиз, ВМКБ – 0,6 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 14,0 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 45,0 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 43,9 фоизро дода, ин ВМКБ 96,5 фоиз, вилоятҳои Суғд 39,6 фоиз, Хатлон 43,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49,8 фоизро ташкил медиҳад.




0 комментария к “СУРЪАТИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ 109,6 ДАРСАД ТАЪМИН ГАРДИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон