Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Дӯстони азиз,

Ҳамкасбони гиромӣ!

Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо такя ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ва шукрона аз мамлакати ободу соҳибихиёри хеш таҷлил менамоянд.

Таҷлил аз ин рӯз басо рамзист ва мардуми тоҷик хуб медонанд, ки маҳз аз ҳамин рӯзи тақдирсоз дар кишвари мо тибқи Конститутсия марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ, яъне тарзи идоракунии президентӣ оғоз ёфта, маросими савганд ёд кардани нахустин Президенти аз ҷониби халқ ва ба таври демократӣ интихобгардидаи мамлакати мо баргузор шудааст.

Ҳамагон хуб медонем, ки 16-уми ноябри соли 1994 Сарвари муҳтарами давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд.

Таҷлил аз Рӯзи Президент нишони эҳтирому эътирофи мардум аз хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёру демократӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, рушди бемайлони тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.

Воқеан, чеҳраҳои барҷаста ва тавонманду шуҷоъ ҳастанд, ки таърихро месозанд. Чун масъулияти наҷоти Ватану миллат дар лаҳзаҳои сарнавиштсозу ҳассос дар ҳама давру замонҳо маҳз ба шахсиятҳои бузург вогузор мешавад.

Бе ҳеҷ шубҳа, хизматҳои шахсияти беназир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарорсозии ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва таҳкими истиқлол, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хуллас ташкил ва ҳифзи давлатдории миллӣ хеле бузург аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии Пешвои миллат ва Роҳбари давлати миллӣ буданро ба зимма гирифта, тавонистанд манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузоранд ва ба ин васила пояҳои давлатдории миллиро устувор намоянд.

Мардуми шарифи тоҷик хуб медонанд, ки маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи хатари нобудии миллатро гирифтанд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохтанд. Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карданд, тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузоштанд, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд, барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварданд, сулҳу ваҳдати комилро ба даст оварданд, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст ва маҳз бо сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди бузуги халқи тоҷик тамоми бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ба дастовардҳои беназир ноил гардид.

Бешбуҳа, тамоми дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаҳои ҳаётан муҳим – маорифу тандурустӣ ҳама бевосита ба кору фаъолияти созанда ва хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.

Ба бахти мардуми тӯли таърихи дароз ҷафодидаи тоҷик дар замони истиқлол нафаре масъулияти сарварии халқи моро ба дӯш гирифтааст, ки барҷастатарин хислати ӯ – ғамхориву дастгирии ҳар фарди Ватан, новобаста аз ҷинсу маҳал ва қишру баромади иҷтимоӣ мебошад. Қариб дар ҳама суханрониҳои Пешвои муаззами миллат нуктаҳое чун “Ман халқи азизамро дӯст медорам” ва “Ман ба мардуми шарифи тоҷик бовар дорам” садо медиҳад, ки ин далели барҷастаи андешаи хирадмандона мебошад.

Бояд гуфт, ки таҷрибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорист. Зеро заминаҳои аслии давлатдории миллии тоҷикон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он даврони сарнавиштсоз бисёр дурбинона ва хеле қавӣ тарҳрезӣ шудаанд, ки натоиҷи он имрӯз ба ҳар шаҳрванди кишвар равшан аст. Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон натанҳо асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки бунёдгузор ва поягузори давлатдории миллии тоҷикон баъди ҳазор соли навмедиҳо низ мебошад.

Аз ин рӯ, имрӯзҳо да Тоҷикистон мафҳуми Ватан ва Президент ба ҳам тавъам шудаанд ва мардум Президенти худ, Пешвои муаззами худро дӯст медорад, аз хидматҳои беназири ӯ сипосгузор аст ва садоқат ба Президентро садоқат ба Ватан ва Модар меҳисобад.

Далели муҳаббати мардум ба Роҳбари кишвар дар он зуҳур меёбад, ки таҷлил аз Рӯзи Президент ҳамасола дар кишвари мо шукуҳу шаҳомати тоза ба худ касб мекунад. Дар ин рӯз хурду калон бо болидаҳолӣ аз Ватани ободу осуда ва сипосмандӣ аз хидматҳои беназири Сарвари давлат саҳфаҳои таърихро варақ мезананд, аз рӯзҳои вазнини оғози даврони соҳибистиқлолӣ ёд меоранд ва шукрона мекунанд, ки таърих ба ин миллати асрҳо ҷафодида баъди ҳазор соли навмедиҳо Пешвоеро додааст, ки онҳоро ба пешрафту рифоҳ ва саодату комгорӣ расонидааст.

Рӯзи Президенти Тоҷикистон рӯзи ҷашни саодати бардавоми мардуми тоҷик аст ва бигзор халқи шарафманди мо бо роҳбарии Президент ва Пешвои муаззами хеш ба зинаҳои аз ин ҳам баландтари рушду тараққиёт ва гулгулшукуфию сарбаландӣ бирасад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!




0 комментария к “ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон