01.01.25
Ҳамкорони азиз!
Дӯстони гиромӣ!
Боиси ифтихору сарбаландист, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар боз як соли мелодии дигар, соли 2024-умро бо дастоварду комёбиҳои назаррас паси сар намуданд ва соли 2024 ҳам дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
Ин сол барои Тоҷикистони азиз соли пешрафту тавсеа, соли рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва соли афзудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаҳои байналмилалӣ буд.
Дар ин сол тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар, тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ ба рушду тавсеа ва дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, барои мақомоти омори давлатӣ ҳам соли 2024 соли хотирмону пур аз дастовардҳо буд.
Имсол бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти Агентӣ ва кулли кормандони он навоварӣ ва дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд, ки боиси ҳамкадами замон шудани мақомоти омори миллӣ гардид. Дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт шуд, ки маҳз дар соли 2024 ҳамаи ҳисоботҳои оморӣ ба шакли электронӣ гузаронида шуданд, электроникунонии китобҳои баҳисобгирии хоҷагии ҷамоатҳо мукаммал гардид, ки ин дастоварди бениҳоят бузурги соҳа аст.
Ҳамчунин имсол бинои наву замонавии Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон бо ширкати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ ёфт, ки падидаи воқеан фараҳбахш ва нишони таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии кишвар ба соҳаи омор аст.
Ҳамкорони азиз!
Фаро расидани Соли нави мелодиро ба шумо табрик гуфта, итминони комил дорам, ки имсол ҳам барои кишвари азизи мо соли осоишу амонӣ ва рушду тавсеа, барои мардуми шарифи кишвар соли бобарор ва пур аз шодӣ хоҳад буд.
Бовар дорам, ки ҳамаи мо, кормандони мақомоти омори давлатӣ дар соли нави мелодӣ ҷидду ҷаҳдамонро барои пешрафти соҳаи омор ва саҳм гузоштан ба гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон аз пештара бештар намуда, содиқона барои амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар фаро расидани Соли нави мелодиро ба ҳамаи шумо, ҳамкорони азиз таҳният гуфта, бароятон сиҳатии комил, шодиву нишот ва дастовардҳои тозаи касбиро таманно менамоям.
Соли нав муборак!
0 комментария к “ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025”