11.12.24
Ҳамҳизбиёни азиз,
Ҳамкорони гиромӣ,
Низоми бисёрҳизбӣ дар кишварро, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфт, метавон яке аз дастовардҳои муҳими демократияи Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. Албатта, бояд таъкид намоем, ки низоми бисёрҳизбӣ дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати демократикунонии фазои сиёсии кишвар шакл гирифту ташаккул ёфт.
Зеро сохтори сиёсии ҷомеаи ҷаҳонии муосирро бидуни ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва созмонҳои гуногуни иҷтимоӣ тасаввур кардан имкон надорад. Ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷумлаи унсурҳои муҳими инкишофи ҷомеаи мутамаддин ба шумор рафта, дар низоми муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мақом ва нақши пешбарро соҳибанд. Бидуни онҳо дар ҷамъият демократия, озодии фикр, адолат, озодии ҳуқуқ рушд намекунанд. Аз нигоҳи дигар, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзимгари муносибатҳо миёни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, тавассути онҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти давлат назорат мебарад. Аз ин рӯ, мавҷудияти чунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сатҳи камолот ва қобилияти ташаккулдиҳии он шаҳодат медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди пошхӯрии низоми яккаҳизбии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба марҳилаи нави ташкили сиёсати миллӣ оғоз намуда, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории беш аз сисола ба мувафаққиятҳои беназире ноил гардид.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд, ки мавҷудияти онҳо яке аз нишондиҳандаҳои бунёдии давлати иҷтимоӣ ва низоми демократии сиёсист, ки метавонад кафолати ҳуқуқҳои сиёсии шахс ва гурӯҳҳои сершумори иҷтимоӣ – сиёсиро таъмин намояд.
Аммо мисли рӯз равшан аст, ки Ҳизби халқиидемократии Тоҷикистон миёни дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро дар ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва муассиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Зеро дар тули се даҳсолаи охир аксари мутлақи ҳодисаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд.
Имрӯз мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҲХДТ эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.
Ҳамкорони азиз!
10-уми декабр дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Зеро агар ба таърих назар андозем, маҳз дар ҳамин рӯз дар соли1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кардааст. Яъне, 30 сол қабл дар ин рӯз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон неруи бузурги сиёсие таъсис ёфт, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мо ба фаъолияти он иртиботи ногусастанӣ дорад.
Таърихи 30-солаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон собит менамояд, ки ин ҳизб воқеан як ҳизби созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатдории миллии мардуми Тоҷикистон аст.
Чӣ тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ (шаҳри Душанбе, 13 декабри соли 2019) баён доштаанд:
“Дар ин муддат, ҳизби мо ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чор вазифае, ки дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дошт, муваффақона баромад: якум – хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм – барқарор намудани сулҳу субот, сеюм – таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва чорум – ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон.”
Имрўз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст ва шумораи аъзоёни ҳизб ба 528 ҳазору 600 нафар расида, пояҳои сохтории он пурра такмилу таҳким ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ғайр аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дигар мақому ниҳоде нест, ки дар онҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият надошта бошанд. Айни замон 6527 адад ташкилоти ибтидоӣ дар муассисаву идораҳо барои амалисозии барномаҳои ҳизб фаъолияти мунтазам доранд.
Мардуми шарифи кишвар низ тамоми ибтикорот, барномаҳо ва иқдомҳои ин ҳизби созандаро ҳамешаву пайваста тарафдориву дастгирӣ менамоянд, зеро фаъолияти ҳизб комилан ба беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот ва пешрафти иқтисодии кишвар равона гардидааст.
Ба таври мисоли равшан агар ба ду нишондиҳандаи асосии пешрафт – маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ва рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳ намоем, шоҳиди он мегардем, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2023 нисбат ба соли қаблӣ 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ баробар ва рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дод.
Таъмини афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди иқтисоди миллӣ дар замони муосир, замони таҳримҳову нооромиҳо ва бозиҳои бузурги геополитикӣ воқеан як дастоварди бузург аст.
Ҳамчунин бо чораандешиҳои муассири блоки иқтисодии Ҳукумати кишвар новобаста аз буҳронҳои молӣ, боло рафтани нархи молу хизматрасониҳо дар бозори ҷаҳонӣ сатҳи таваррум ва арзиши пули миллӣ дар соли гузашта муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум ба 3,8 фоиз баробар буд, ки миёни кишварҳои ИДМ яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин аст.
Ҳамасола таъмин гаштани рушди иқтисоди миллӣ, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар кишвар боиси пешрафтҳои назаррас ва аз ҳама муҳим, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум шудааст.
Натиҷаи амалигардии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки даромади пулии аҳолӣ давоми шаш соли охир 3,3 баробар афзоиш ёфта, ба 112,7 миллиард сомонӣ расидааст. Барои муқоиса, сатҳи камбизоатӣ агар соли 1999-ум ба 83 фоиз баробар бошад, соли гузашта ин нишондиҳанда ба 21,2 фоиз расидааст, ки натиҷаи хеле назаррас аст.
Ҳамчунин дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфтааст. Зиёд гардидани буҷети давлатӣ албатта боиси афзудани ҳаҷми маош, нафақапулӣ ва дигар кӯмакҳои иҷтимоӣ гардидааст, ки албатта, ҳамаи ин ба сиëсати созандаву хирадмандонаи Роҳбари маҳбуби ҳизб ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.
Эътимоди комил дорам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззаму хирадманди миллат солиёни дароз ҳамчун як нерӯи қавии созанда ва пешбарандаи сиёсӣ барои пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон хидмат менамояд. Зеро ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд:
“Имрӯз ҳизб қувваи бузург дорад. Аксари намояндагони он дар ҷомеа нуфузу мақоми хосса доранд ва дар маҷмӯъ, нерӯи пешбарандаи сиёсии кишварамонро ташкил медиҳанд. Ин нерӯи бузург тавони онро дорад, ки бо ибрати шахсӣ ҷомеаро ба самти дурусти тавсеаи ислоҳоти демократӣ, рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ сафарбар созад”.
Мардуми кишвар эътимоди қавӣ доранд, ки ҳар як узви Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар пайравӣ ба бунёдгузор ва Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми босазои худро мегузорад.
30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии неруи созанда ва пешбарандаи кишвар – Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон муборак, ҳамкорони азиз!
0 комментария к “Табрикоти Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”