20.10.24
Ҳамкасбони гиромӣ!
Ҳамасола 20-уми октябр дар тамоми кишварҳои олам Рӯзи ҷаҳонии омор ва иди касбии кормандони мақомоти омор ҷашн гирифта мешавад.
Дар замони муосир мақомоти омор ё баҳисобгирӣ дар тамоми кишварҳо ниҳоди махсуси давлатӣ ба шумор рафта, мутахассисон пайваста барои рушди устувори ин соҳа талош менамоянд. Зеро ҷамъоварии маълумоти сифатноки оморӣ барои таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, демографию экологӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар, қабули қарорҳо дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва саривақт паҳн намудани маълумоти боэътимод ва таҳияи стратегияву дурнамоҳо ниҳоят муҳим аст.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо, дар баробари ҳамаи бахшҳои давлатдорӣ, фаъолият ҷиҳати ҷамъоварии омори дақиқу саҳеҳ ба тарзи бесобиқа густариш ёфта, аз ҷониби давлату Ҳукумат ба ин ниҳоди давлатӣ, яъне мақомоти омори миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор фаъолият бурда, ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010, амалӣ менамояд. Боиси хурсандист, ки имрӯз Тоҷикистон нишондиҳандаҳои омории миллиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, онро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ месозад.
Бояд зикр кард, ки ҷамъбасти саривақтии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва ба тасвиби маводи дахлдори марбут ба омори соҳавӣ, нашри маҷмуаҳои омори ҷамъбастӣ, санҷиши боэътимодии маълумоти аввалин ва ҷамъбастӣ, такмили методологияи баҳисобгирии оморӣ, такмили методологияи гузаронидани тадқиқоти оморӣ, аз ҷумла тадқиқоти хонаводаҳо, хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра имрӯзҳо аз вазифаҳои асосии мақомоти омор ба ҳисоб меравад.
Ҳамкасбони азиз!
Корманди мақомоти омор будан яъне набзи замонро ба даст доштан ва ҳамқадами замон будан аст. Мо ҳуқуқи маънавии саҳлангорӣ кардан надорем ва бояд софдилона вазифаҳои хидматиямонро дар назди давлат, миллат ва ҷомеа адо намоем.
Бовар дорам, ки масъулияти баланди ҳар корманди соҳа дар оянда низ боиси пешрафти кори мақомоти расмии омори кишвар хоҳад гашт.
Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо муваффақият мехоҳам!
Рӯзи ҷаҳонии омор муборак!
0 комментария к “ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР”