23.11.24
Ҳамкорони азиз!
Ҳамасола бисту чоруми ноябр дар саросари кишвари соҳибистиқлол ва маҳбуби мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ба ифтихори ин ҷашни фархундаву муқаддас қаблан ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, таманно дорам, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад.
Парчами давлатӣ яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ва ифодагари сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми сарбаланди тоҷик аст.
Парчам аз рӯзҳои нахустини қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.
Аз ин хотир эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.
Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.
Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон бо ин, барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдории халқамон дар гӯшаву канораҳои гуногуни кишварамон гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд, ки эҳтирому гиромидошти Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди Тоҷикистон маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Мо дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ бо саъю талоши ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем.
Ва минбаъд низ, зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро бо раҳнамоиҳои хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат таъмин намуда, барои худ ва ҳамватанони саодатманди худ зиндагии пурсаодатро муҳайё намоем.
Ба ин маънӣ таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.
Итминони комил дорем, ки дар идомаи раванди созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии мамлакат, боло бурдани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои нави созандагӣ Парчами давлатӣ раҳнамову илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа хоҳад буд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамкорони азиз!
0 комментария к “ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ”