Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҷаласаи назоратии назди Директори Агентӣ Рӯзи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент қайд карда шуд.

Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ин санаи таърихиро гиромӣ дониста, оид ба нақши ин Иҷлосияи сарнавиштсоз дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат ибрози назар намуд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид намуд, ки мо бояд аз гузашта, алалхусус аз гузаштаи пурфоҷиа, сабақ бигирем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сулҳу ваҳдати ба ивази ҷонбозиҳои зиёд бадастомадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шавем ва ба насли оянда Тоҷикистони пешрафтаро ба мерос гузорем.

Дар идома муовини якуми Директори Агентӣ Асо Нурулло Асват вобаста ба аҳамияти баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ, нақши он дар кори ба эътидол овардани вазъияти ҳассос дар он давра, заҳматҳои нотакрор ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи комил, таъмини истиқлолияти давлатӣ, пойдориву ягонагии миллату давлат сухан гуфт.

Ҳамзамон муовини Директори Агентӣ Назарзода Зарина дар идома аз нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва хидматҳои беназир ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, таъкид дошт, ки Пешвои миллат ҳамзамон поягузори давлати навини тоҷикон мебошанд ва маҳз бо талошу ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо табдил ёфт ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом гардид.

Дар охир як қатор кормандони Агентӣ доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ибрози андеша намуданд.




0 комментария к “ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон