20.03.25
Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”- и Агентӣ иштирок намуданд.
Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина зимни ироаи сухани табрикотии Директори Агентӣ иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон Наврӯзи аҷам мақоми байналмилалӣ гирфита, тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Ҷашни наврӯзии Агентии омор бо оростани дастурхони пур аз нозу неъмати наврӯзӣ, баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, пӯхтану омода намудани таъомҳои миллӣ таҷлил карда шуд.
0 комментария к “ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”