29.08.23
Департаменти омори Созмони Милали Муттаҳид Лоиҳаи «Мониторинги татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» – ро амалӣ намуда истодааст.
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи мазкур аз 30 июл то 3 августи соли 2018 коршиносони Департаменти омори СММ Елена Ҷасус ва Владимир Мархонко ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, имкониятҳо ва иқтидори омории Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мониторинги ҲРУ -ро мавриди арзёбӣ қарор дода, ҳамзамон татбиқи нақшаи амалӣ дар доираи лоиҳаи мазкур таҳиягардидаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин раванд баргузории як қатор вохӯриҳо бо Роҳбарияти Агентии омор ва сардорони Раёсату шуъбаҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентӣ ва гурҳҳи кории дар Агентии омор вобаста ба пайгирии нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор таъсис дода шуда, баргузор гардид.
Ҳамзамон вохурии коршиносони Департаменти омори СММ бо намояндагони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла: Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки зимни баргузории вохуриҳо нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди устувор мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, шумораи нишондиҳандаҳои айни замон мавҷудбуда, дар солҳои оянда ҷамъоваришаванда ва ба методологияи муосир ниёздошта инчунин мушкилоту масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
0 комментария к “Ташрифи коршиносони Департаменти омори СММ ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”