Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи мушовара

13-уми апрели соли 2020 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои то охири соли 2020» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ ва даъватшудагон: раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва муовини авали вазири кишоварзии мамлакат Каримзода Саъдӣ Ғаффор баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда, зикр доштанд, ки, дар семоҳаи якуми соли 2020 мақомоти омори давлатӣ ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Сипас муовини якуми директори Агентӣ Шокирзода Ш. маърӯзаи пурраро оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар семоҳаи якуми соли 2020 ба пуррагӣ қироат намуданд. 

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи маҷмӯии корҳои оморӣ барои соли 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 -ум №586, тасдиқ карда шудааст ва вазифаҳои дар назди мақомот дар семоҳаи якуми соли 2020 гузошташударо пурра иҷро намуд.

Дар маҷмӯъ дар семоҳаи якуми соли 2020 - 2766 кори оморӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2019 нишон дод, ки дар ин давра ба Агентӣ 681 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, инчунин 24 қонуну қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 322 мактуб аз вазорату идораҳо, 52 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 101 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 33 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 тибқи Барномаи корҳои оморӣ 7 маҷмӯаи оморӣ, 57 бюлетени оморӣ, 6 маълумот, 11 иттилооти таъҷилӣ ва 22 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №1356 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Корҳои тайёрӣ барои гузаронидани ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳануз соли 2015 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 12 октябри соли 2015 №572 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” оғоз гардида буд.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 

Дар ҷараёни ҷаласаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ доир ба ҳамкориҳои судманд шунида шуд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа доир ба иҷрои саривақтии Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2019 ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур супоришҳои мушаххас доданд.

Нашр шудааст: 15.04.2020