Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштирок дар роҳпаймоии идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 9 сентябри соли 2021 дар назди майдони Парчамии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷилояти Суғд, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ва беш аз 15 ҳазор нафар шахрвандони ноҳия роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки дар роҳпаймоии умумихалқӣ намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ, ҷавонону варзишгарон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои молиявӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, занону ҳунармандон, ва ғайраҳо бо намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ бо руҳияи баланди садоқат ба ватан ва соҳибистиқлолии  кишвар иштирок намуданд.

Нашр шудааст: 10.09.2021