Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинари омӯзишии онлайнӣ

Аз 26-ум то 30-юми октябр дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии техникиву молиявии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид тренинги омӯзишии онлайнӣ оид ба нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор  (2.1.1  - Паҳншавии камғизоӣ  ва 2.1.2 - Сатҳи миёна ва шадиди набудани амнияти озуқаворӣ)  бо иштироки коршиноси байланмилалӣ аз Дастгоҳи марказии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Фирас Яссин баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи семинар Қиёмиддин Давлатзода, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки  такмили таҳияи методологияи тавозуни озуқаворӣ дар шароити кишвари мо зарурӣ ва муҳим аст.

Ин семинар бо ҳадафи баланд бардоштани малака ва  дониши кормандони Агентӣ ҷиҳати таҳияи методология ва тавсияҳои Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ вобаста ба баҳодиҳӣ ва мониторинги нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор (2.1.1  - Паҳншавии камғизоӣ  ва 2.1.2 - Сатҳи миёна ва шадиди набудани амнияти озуқаворӣ) баргузор гардид. 

Дар кори он ҳамчунин намояндагони “Пажӯҳишгоҳи ғизо”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Нашр шудааст: 03.11.2020