Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 дар машварати корӣ баён доштанд, аз 16 декабри соли 2020 Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа барои расонидани арзи сипоси Сарвари давлат ба мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот, рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сафари корӣ баромаданд.

Зимни сафари корӣ Директори Агентии омор аз якчанд иншоотҳои сохташуда, аз ҷумлаи Муассисаи таълимии томактабии “Файзбахш”, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва бо рафти кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонии роҳи маркази ноҳия дидан намуданд.

Ҳамзамон бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои сӯхтор ва худдорӣ аз истифодаи таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқаворӣ, вазъи беҳдошт ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодии тамоми соҳаҳои ноҳия, иҷрои пурра ва сифатноки нақша чорабиниҳо вобаста ба ҷашнгирии бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуда, муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд.

Сафарии кории Директори Агентии омор дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд идома дорад.

Нашр шудааст: 17.12.2020