Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон низоми такмилёфтаи умумии паҳнкунии маълумотҳои Хазинаи Байналмилалии Асъорро (e-GDDS) дар амал татбиқ мекунад

Тоҷикистон тавсияҳои ХБА оид ба ворид намудани низоми  такмилёфтаи умумии паҳнкунии маълумотро (e-GDDS) тавассути нашр кардани маълумоти муҳим тавассути Саҳифаи миллӣ оид ба ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ  (NSDP) иҷро кард.

Ҳадафи ин саҳифа ҳамчун як воситаи нашри ягона барои гирифтани иттилооти муҳими макроиқтисодӣ дар бораи ҳисобҳои миллӣ, амалиётҳои давлатӣ ва қарзӣ, бахши молиявӣ ва тавозуни пардохт мебошад. Ин маълумотҳо дар форматҳои гуногун осондастрас ба инсон  ва ҳам барои хондани мошини паҳн карда мешаванд. Низоми e-GDDS аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА моҳи майи соли 2015 бо мақсади дастгирии шаффофияти беҳтари маълумот, ҳавасмандгардонии рушди омор ва кӯмак дар эҷоди ҳамҷоягӣ дар паҳн кардани маълумотҳои оморӣ ва мушоҳидаҳо таъсис дода шудааст.

Саҳифаи миллӣ оид ба ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ  (NSDP) аз тарафи  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJSTAT) бо истифода аз маълумотҳои оморӣ ва мубодилаи метамаълумотҳо таҳия гардида  ва дар саҳифаи эълонҳои  паҳнкунии стандарти ХБА ҷой дода шуд:https://dsbb.imf.org/Pages/GDDS/CtyCtgList.aspx?ctycode=TJK. Саҳифаи NSDP истинод ба оморе, ки истеҳсолкунандагони расмии маълумот маҳз TAJSTAT,  Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, интишор гардидааст.

Интишори маълумоти муҳими макроиқтисодӣ тавассути NSDP, барои таҳиягарони сиёсати  миллӣ ва ҷонибҳои манфиатдори дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла сармоягузорон ва агентиҳои рейтингиро, дастрасии осонро ба иттилооте, ки Шӯрои иҷроияи ХБА барои мониторинги вазъият ва сиёсатҳои иқтисодӣ ҳамчун муҳим эътироф кардааст, фароҳам меорад. Дастрасии ин иттилоот дар форматҳои осон ба инсон ва ҳам барои хониши мошин ба ҳама корбарон имкон медиҳад, ки ба маълумоти саривақтӣ дастрасӣ дошта бошанд ва шаффофияти беш Саҳифаи миллӣ оид ба ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ  (NSDP) тари маълумотро таъмин кунанд.

Луис Марк Дюшарм, Сармутахассис  оид ба омор ва маълумотҳои ХБА  ва Директори Департаменти омори ХБА ин марҳилаи муҳимро дар рушди омори кишвар истиқбол карда, қайд намуданд, ки  "Итминони  комил дорам, ки Тоҷикистон аз истифодаи низоми  электронии GDDS ба ҳайси чаҳорчӯбаи рушди минбаъдаи низоми омори миллӣ  бурд хоҳад кард."

Нашр шудааст: 20.03.2020