Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-юми июли соли 2020 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», агентиҳои “Спутник Россия”, “Авесто”, “Азия Плюс”, “Интерфакс”, шабакаҳои радиою телевизионии “Ҷаҳоннамо”, “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Озодӣ”, рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», “Минбари халқ”, «Боҷу хироҷ», “Халқ овози” иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои давоми сол, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи аввали соли 2020 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.

Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.

Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:

- омодагии Агентии омор барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020;

- вафоти аҳолӣ дар нимсола ва аз ҷумла, аз бемории коронавирус;

- содироти семент дар нимсолаи аввали соли 2020;

- сабабҳои коҳишёбии ҳамлу нақл;

- шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда;

- миқдори шаҳрвандони аз хориҷа баргашта;

- омори фавт, таваллуд, никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо ва ғайраҳо.

Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегардад.

Нашр шудааст: 30.07.2020