Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», оҷонсиҳои иттилоотии “Россия сегодня”, “Азия Плюс”,  рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», “Минбари халқ”, “Народная газета”, «Фараж», «Самак», «Боҷу хироҷ», шабакаҳои телевизионии  «Ҷаҳоннамо», «Сафина», “Баҳористон” ва шабакаҳои радиои «Тоҷикистон», «Ховар», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе», “Озодӣ” иштирок намуданд. 

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуда, барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 пешниҳод гардид.

  Нишасти матбуотиро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ҳасанзода Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатии омор дар соли 2019 суханронӣ намуд.

Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовинони Директори Агентӣ ва сардорони раёсату шӯъбаҳои соҳавии Дастгоҳи марказӣ ва Маркази кулли ҳисоббарории Агентӣ посух доданд.

  Дар мавзӯъҳои соҳавӣ аз ҷониби намояндаҳои воситаҳои ахбори омма саволҳои зерин оид ба:

- доир ба баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

- дар бораи сохтмони манзилҳои истиқоматӣ;

- шумораи нафарони беманзил (бехонаҳо);

- доир ба таваллуд ва фавт;

- нишондиҳандаи дарозумрӣ

- шумораи нафарони кӯҳансол;

- ҳаҷм ва фурӯши пахта дар соли 2019;

- буҷаи хонавода;

- миқдори корхонаҳои саноатӣ;

- истеҳсол ва содироти гандум ва ғайра.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба соҳаҳои мухталиф ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукаммалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегардад.

Нашр шудааст: 13.02.2020