Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ташрифи коршиноси байналмилалӣ Васильева В.Н.

Дар доираи Лоиҳаи “Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии байторӣ барои таҳияи сиёсат” ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиноси байналмилалӣ Васильева В.Н. ташриф овард.

Бо дастгирии техникӣ ва молиявии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳа “Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии байторӣ оид ба таҳияи сиёсат”, аз санаи 11 то 16 феврали соли 2019 ташрифи коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи омор аз Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ Васильева Вера Николаевна вобаста ба такмили таҳияи методологияи тавозуни озуқаворӣ сурат гирифт.

Бо мақсади такмил додани методологияи таҳлили тавозуни озуқаворӣ, дар давраи ташрифи коршинос ба Агентии омор ёрии амалӣ расонид, аз чумла таҳлили методологияи тавозуни озуқаворӣ гузаронида шуда, тавсияҳо оид ба беҳтар намудани тавозуни озуқаворӣ барои солҳои 2014-2017 ва Модули истеъмолии буҷети хонаводаҳо таҳия карда шуданд.

Санаи 13 феврали соли 2019 семинар дар мавзуи “Методологияи тавозуни захираи маҳсулоти озуқа, инъикоси проблемаҳо ва мушкилот” доир гардид, ки кори он роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо: вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Бонки миллӣ, Хадамоти гумрук ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Хонум Васильева Вера Николаевна дар семинар бо рунамои методологияи тавозуни захираи озуқаворӣ, инъикоси проблемаҳо ва мушкилот баромад намуд.

Диққати бештар дар семинар ба баррасии параметрҳо (меъёрҳо ва коэффитсиентҳо), ки барои таҳияи тавозуни озуқаворӣ заруранд, дода шуд.

Тавозуни захираи оузқаворӣ – низоми нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи сарчашмаи ташаккули захираи намудҳои асосии озуқа ва манбаъҳои истифодаи онҳо мебошад. Тавозун ҳаракати маҳсулотро аз лаҳзаи истеҳсол то истифодаи ниҳоии он тавсиф мекунад, таҳлили ҷорӣ ва таҳияи дурнамои вазъиятро дар бозори истеъмолӣ фароҳам меорад, талабот ба воридот, фондҳои истеҳмоли молҳои озуқаро арзёбӣ менамояд.

Нашр шудааст: 16.02.2019