Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» ташрифи коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Павел Онуфриев ба Агентии омор сурат гирифт

Тибқи созишномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи муштараки (Консортсиум) бо роҳбарии ширкати ДевСтат аз 12 то 16 марти соли 2018 ташрифи коршиноси байналмилалӣ Павел Онуфриев оид ба таъсиси хазинаи маълумотҳо сурат гирифт.

Коршинос дар давоми вақти дар Агентӣ қарор доштанаш якҷо бо мутахассисони раёсати барномасозии МД «Маркази кулли ҳисоббарори»-и Агентии омор шиносоӣ ба низоми ҳозираи хазинаи маълумотҳо, сохтор ва кор бо ҷамъоварии электронии маълумот гузаронида шуд. Проблемаҳои ҷойдошта, ки ба рафти дохилкунии маълумотҳо монеа эҷод мекунанд, баррасӣ карда шуданд.

Дар ин давра хазинаи маълумоти лоиҳавӣ таъсис дода шуда, схемаи азнавкунии маълумот, ки сарфаи вақтро ба даст оварда, барои қабул ва омода намудани маълумот барои истифодаи минбаъда талаб карда мешавад, таҳия гардид.
 
Дар охир коршинос ҷаноби Павел Онуфриев вобаста ба идома додани фаъолияти оғозгардида барои гузариш ба сохтори нави бизнес-регистр тавсия дод. Якҷо бо раёсати барномасозӣ, раёсати регистрро лозим аст, ки нақшаи тақсимоти маълумотро аз ҷадвалҳои ҷорӣ ба нав бо шарҳи нав манзур намояд.
 
Ҳамчунин пуркунии хазинаи маълумот, омодагӣ барои гузариш ва гузашта ба истифодаи Хазинаи маълумот барои тамоми низом қайд гардид. Зарур аст, ки масъалаи таъсиси регистри суроғаҳо дар сатҳи байниидоравӣ баррасӣ карда шавад. Регистри сурогавӣ кори «Равзанаи ягона»-ро осон карда, гузаронидани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ ва барӯйхатгирии аҳолиро осон мекунад.
Нашр шудааст: 19.03.2018