Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Cеминари омӯзишии за дар мавзӯи “Таҳлили иқтисодии ҷадвали “Хароҷот-Истеҳсол”

28-29 марти соли 2019 дар Агентии омор назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории Бонки осиёии рушд семинари омӯзишии за дар мавзӯи “Таҳлили иқтисодии ҷадвали “Хароҷот-Истеҳсол” баргузор гардид

Дар кори он Роҳбарият ва кормандони Агентии омор, бонки миллӣ, вазорату кумитаҳо аз ҷумла: Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Хадамоти гумрук ва ғайра ширкат варзиданд. Аз ҷониби коршиносони Бонки осиёии рушд роҳбари коршиносони минтақавӣ Йозеф Махинзан, коршиносони дигар Жулета Магаланес, Джон Арвин Бернабе ва Алберт Сан Жуан иштирок доштанд.

 

Директори Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни баромад иброз дошт, ки Агентӣ бо Бонки осиёии рушд ҳамкории пайвастаи судманд дорад ва омӯзишу истифодаи ҷадвали “Хароҷот-Истеҳсол” дар шароити Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебошад.

Муовини директори Агентӣ Қиёмиддин Давлатзода зикр кард, ки асосҳои назариявии байнисоҳавии тавозун ва ё худ ҷадвали “Хароҷотҳо ва Истеҳсол” ҳанӯз замони таҳсил дар Донишгоҳи Берлин аз ҷониби В. В. Леоньтев коркард шуда буд. Тарҷумаи мухтасари он бо номи “Тавозуни хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ” нишон дод, ки коэффитсиентҳои инъикоскунандаи алоқамандии байни бахшҳои иқтисодиёт хеле муътадиланд.

 

Дар айни замон барои рушди иқтисоди кишвар пайванди муштарак афзалият дорад, ки он натиҷаи фаъолияти соҳаҳои алоҳида ва бахшҳои иқтисодиёт мебошад.  Бинобар ин, бори аввал версияи СНС-93 ҷадвали “Хароҷоту Истеҳсол” -ро дарбар мегирад, ки ба ҳамбастагии захираҳои маҳсулот ва хизматрасониҳо (истеҳсолот ва воридот) бо назардошти истифодаи онҳо дар иқтисодиёт (истеҳсолоти истеъмолӣ, талаботи ғайриистеҳсолӣ, ҷамъоварӣ ва содирот)  мусоидат мекунад.

Зикр гардид, ки Агентии омор барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳо дар самти сайёҳӣ ба дастгирӣ ва ҳамкории шарикон  умед мебандад.

Роҳбари гуруҳи кории Бонки осиёии рушд Йозеф Махинзан дар баромади худ зикр намуд, ки дар ҷараёни кори семинар якчанд намунаҳои таҳлилии ҷадвали “Хароҷоту Истеҳсол” пешкаш карда мешаванд, ки барои фаъолияти минбаъдаи самт судманд хоҳанд буд.

 

Дар идомаи кори семинар бо истифода аз усулҳои навтарини ҷадвали “Хароҷот-Истеҳсол” ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба мутахассисон маълумот пешниҳод гардид.

Нашр шудааст: 30.03.2019