Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОЗМУН

ОЗМУН

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2265 сомониӣ  70 дирам 

Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2265 сомониӣ  70 дирам 

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1862 сомонӣ  60 дирам;

                      Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1862 сомонӣ  60 дирам;

     Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1862 сомонӣ  60 дирам;

                           Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус;

сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус- 1 ҷой, маоши мансабӣ 3739 сомонӣ 90 дирам;

   сармутахассис  – 1 ҷой, маоши мансабӣ   2780 сомонӣ  00 дирам;

                    Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот.

   мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1862 сомонӣ  60 дирам;

                           Раёсати Агентии омори дар шаҳри Ваҳдат:

   мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1862сомонӣ 60 дирам:                          

                          Шуъбаи Агентии  омор дар ноҳияи Рашт;

  мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ  1484  сомонӣ.80 дирам

                          Бахши Агентии омор  дар ноҳияи Лахш;

  мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1461  сомонӣ;

                        Бахши Агентии омор  дар ноҳияи Тоҷикобод;

   мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1484сомонӣ 80 дирам:                          

      Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

         барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

         Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

         – аризаи шахсӣ ба унвони Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷозати иштирок намудан дар озмун;

         – варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

         – тарҷумаи ҳол;

         – 3 дона расми андозаи 3х4;

         – нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

         – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

         – нусхаи шиноснома;

          – маълумотнома барои надоштани доғи судӣ

         – гувоҳномаи андозсупоранда аз мақомоти дахлдор оид ба андоз;

         – маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли  086).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17,

Тел: 221-57-21;  227-63-24;

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 21  рӯз  баъди чопи эълон




0 комментария к “ОЗМУН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон