Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ОМОРИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ОМОРИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар доираи ин иқдом бинои маъмурии Раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов, воқеъ дар маркази ноҳия-шаҳраки Меҳробод, ба истифода дода шуд.

Бинои нав аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои чор ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар он барои 13 мутахассис шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Иншоот бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонии ватанӣ ва бо ҷалби 15 нафар коргари маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Пас аз ифтитоҳи фосилавии бино, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода ва сардори Сарраёсати омори вилоят Ҳокимбек Накҳатзода аз иншооти навбунёд боздид намуда, бо шароити кории кормандон аз наздик шинос шуданд.

Зимни суҳбат бо кормандони раёсати омори ноҳия директори Агентӣ онҳоро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ табрик гуфта, таъкид намуданд, ки фароҳам овардани чунин шароити муосири корӣ натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи омор ва беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон мебошад.

Дар ин замина, аз кормандон даъват карда шуд, ки бо эҳсоси масъулияти баланд, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида ва риояи талаботи касбӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумоти омории саҳеҳу боэътимод саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки кормандони соҳаи омор бояд ба қадри шароити муҳайёгардида расида, бо меҳнати содиқона, интизоми намунавӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоянд.

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов қадами муҳим дар самти беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи омор ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии оморӣ ба ҳисоб меравад.




0 комментария к “БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ОМОРИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон