Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

12-уми октябри соли 2021 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор “Дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2021 ва иҷрои вазифаҳо то охири соли 2021” бо иштироки Роҳбарияти Агентии омор, сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо багузор гардид. Дар кори ҷаласаи васеи мушовара ҳамчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оғоз намуда, дар бораи ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидани мақомоти омори давлатӣ ибрози андеша карданд.

Сипас, муовини Директори Агентии омор Давлатзода Қиёмиддин маърӯзаи муфассалро оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2021 пешниҳод намуданд.

Дар маҷмуъ дар ин давраи 7596 кори оморӣ иҷро шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади фарогирии нишондиҳандаҳои омории бахши хусусӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, савдо, хизматрасонӣ, нарх ва буҷаи хонавода 13 таҳқиқотҳои интихобии оморӣ аз рӯи даврияти муайяншуда гузаронида шуданд.

Дар доираи Барнома барои соли 2021 нашри маҷмӯаи омории солонаи «Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шуда буд, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба нашр расида ва дастраси истифодабарандагон гардид.

Дар давраи татбиқи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021 дар нӯҳ моҳ қабули 7 шакли ҳисоботӣ ва аз соли 2016 инҷониб қабули 42 шакли ҳисоботӣ бо усули электронӣ ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин тафсири электронии таҳқиқотҳои хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ (майдони кишт, ҷамъоварии ҳосил, саршумори чорво ва истеҳсоли маҳсулоти чорво) таҳия гардида, санҷиши он дар хоҷагиҳои аҳолии ноҳияи Рудакӣ ба анҷом расид.

Инчунин, дар маърӯза дар бораи баҳисобгирии ҳосили картошка, ки тибқи Барномаи корҳои оморӣ дар нимсолаи дуюми соли 2021 таҳқиқотҳои омории интихобӣ дар бозорҳои фурӯши хӯрокворӣ ва автомобил, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории мошин ва маводи сӯхту равғанҳои молиданӣ, мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, дорухонаҳо аз рӯи ҳамаи шаклҳои моликият, ҳамчунин таҳқиқоти нархи фурӯши маҳсулотҳо дар бозорҳо, таҳқиқоти буҷети хоҷагии хонавода, таҳқиқоти интихобии хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ гузаронида шуд, ибрози назар намуданд.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020-ум, 9661,6 ҳазор нафарро ташкил дод.

Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2097,1 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз ва нисбат ба 1 январи соли 2020 бошад, 347,8 ҳазор нафар ё 3,7 фоиз зиёд шудааст.

Дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи як қатор сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз тарафи роҳбарияти Агентӣ оиди саривақт бартараф кардани камбудиҳо дастур дода шуд.      

Дар охири кори ҷаласа, Директори Агентии омор муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оиди шаффофияти маълумотҳои оморӣ, хусусан маълумотҳои омори кишоварзӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, инчунин ҳар ҳафта гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар бинои мақомотҳои маҳалли омор дар минтақаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Нашр шудааст: 14.10.2021