Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷмӯаи омории “Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нишондиҳандаҳои асосии рушди низоми тандурустии мамлакатро дар давраи солҳои 1991-2020 инъикос менамояд. Иттилооти оморӣ дар бораи касалиҳои аҳолӣ, бо назардошти омилҳои гендерӣ оварда шудаанд.

Дар маҷмӯа ба нишондиҳандаҳои асосии рушди тандурустӣ дар вилоятҳо, маълумотҳои оморӣ дар бораи шабакаҳо, муассисаҳои тиббӣ, шумораи беморон аз рӯи ҳамаи ҳадамот ҷойи бештар ҷудо карда шудааст

Нашр шудааст: 08.09.2021