Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷмӯаи «Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашрияи бештар пурраи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идома ва иловаи омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки оиди рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ маълумоти воқеӣ медиҳад.

Дар маҷмӯа дар бораи вазъи демографӣ ва экологӣ дар минтақаҳо маълумоти оморӣ дарҷ гардидаанд. Оид ба шуғли аҳолӣ дар иқтисодиёт иттилоот дода шудааст.

Диққати асосиро омори вазъияти соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон - саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва алоқа, соҳаҳои хизматрасониӣба аҳолӣ ҷалб мекунанд. Маълумотҳое, ки соҳаҳои асосии иҷтимоиётро ифода менамоянд, дар фаслҳои алоҳида оварда шудаанд.

Ҳамчунин иттилооти оморӣ оид ба сохтмони манзил ва иншоотҳои таиноти ичҷимоӣ - фарҳангӣ низ пешниҳод шудаанд.

Нашр шудааст: 28.11.2019