Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ШУМОРАИ НАФАҚАХӮРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли равон ба 778 ҳазору 42 нафар нафақахӯр беш аз 2,3 миллиард сомонӣ пардохт шудааст, иттилоъ доданд аз Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии пардохти нафақаву кӯмакпулӣ дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 2 миллиарду 258,2 миллион сомониро ташкил додааст.
Маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон 2 миллиарду 328,4 миллион сомониро ташкил дод.
  • Иттилоъ дода шуд, ки шумораи нафақахӯрон ба аввали моҳи октябри соли равон 778 ҳазору 42 нафарро ташкил додааст.
Нашр шудааст: 04.11.2023